Хабарҳо

Гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Ватан оварда шуд

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз гурӯҳи навбатии 117 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба Лаҳистон ворид гардида буданд, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».Дар натиҷаи амали намудани ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 11 март 303 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занону пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргаштанд.Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, субҳи имрӯз, 11 март бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон 186 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта буданд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд.Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, аз ҷониби кормандони Сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шуд.Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз тарафи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button