Хабарҳо

182 МУҲОҶИРИ ҚИРҒИЗРО БАЪДИ ЗАНОЗАНӢ БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ КОР ПЕШ КАРДАНД (ВИДЕО)

Баъди занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки рӯзҳои 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги Корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ) ва Маҷмаи газу кимиёвии Амур (АГХК) рӯй дод, маъмурия ти АГХК якбора 182 зодаи Қирғизистонро аз кор ҷавоб дод. Дар рӯйхатти пешшудаҳо, ки як нусхааш рӯзи 11 март ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” низ расид, коргароне афтодаанд, ки бархеаш ним сол боз инҷо кормекарданд ва бархеи дигараш ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба кор сар карда буданд. Синни коргарони пешшуда аз 19 то 50 сол аст. Барои мисол, коргари аз ҳама калонсоли пешшуда Майрамбек Эшалиев, санаи таваллудаҳ 8 ноябри соли 1972, дар қитъаи корҳои монолиту бетон (участок монолитно-бетонных работ (ВСМ) кор мекард. Аксари коргарони пешшуда дар ҳамин қитъаи ВСМ кор мекарданд, аз ҷумла ҷавонтарини онҳо Олимбек Норқулов, санаи таваллудаш 1 майи соли 2003 ва Қуралбек уулу Адолат, ки 10 декабри соли 2003 ба дунё омада, ҳамагӣ 3 моҳ пеш ба синни 18 расида буд.Дар бораи онки оё аз муҳоҷирони тоҷик низ касеро барои он занозаниҳо аз кор пеш карданд ё на?, маълумоте ҳаз нарасидааст. Манобеи “Бомдод” хабар доданд, ки баъди занозании рӯзҳои 8-9 март ба хотири пешгирӣ аз занозаниҳои нав коргарони тоҷикро аз хобгоҳи корхона муваққатан ба як меҳмонхона кӯчонданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button