Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ТАНҲО АЗ ЯК ИДОРА 2,3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ДУЗДИДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тасарруфи беш аз 2 миллиону 341 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 200 ҳазор пули давлатро дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ин ноҳия ошкор карда, нисбат ба сармуҳосиб ва ду муҳосиби ин муассиса бо иттиҳоми аз они худ кардани маблағҳо ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич дар вазифаи сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ-муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш буда, ба миқдори махсусан калон даст задаанд. Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади азонихуд намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон ба маблағи 2.341.315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button