Хабарҳо

ФАВРӢ! ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН: ЯК МАРЗБОНИ ТОҶИК КУШТА, ДУИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

Рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон боз тирпарронӣ рӯй дода, дар натиҷаи он як марзбони тоҷик кушта ва ду марзбони дигар захмӣ шудаанд, — хабар дод дар Телеграм-каналаш хабаргузории Ховар Як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар шарҳи ин ҳодиса ба “Азия Плюс” гуфт: “Марзбонҳои Қирғизистон дар мавзеи Ваҳдати ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳудуди Тоҷикистон гузашта, аз марзбонҳои тоҷик талаб карданд, ки инҷоро тарк кунанд. Байни онҳо таниши лафзӣ ба амал омад ва марзбонҳои қирғиз аввалин шуда, тир кушоданд ва марзбонҳои тоҷик ҷавоб доданж. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик ба ҳалокат расида, ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Чанд деҳқони тоҷик ҳам маҷруҳ шуданд”.Хабари ҳалокати як марзбон ва захмӣ шудани сокинонро ба “Ховар” дар бемористони марказии шаҳри Исфара низ тасдиқ кардаанд.Мақомоти марзбонии ду кишвар ҳанӯз тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро шарҳ надодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button