Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ МӮСАФЕД ВА КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХҲОИ “ТОЙОТА” ВА КАМАЗ ДАР ҲИСОР ВА ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 март дар ду садама ду нафар: як кӯдаки ҳафтсола ва як марди солхӯрда ҷон бохтаанд.Бино ба иттилои ВКД, шаби 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемри», Ҷаҳонгири Азамҷон, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳимов Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди 75-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Ҳамчунин, ҳамон рӯзи 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 14:20, ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ-5511», Яқубов Абдулмуъмин Аҳмадович, соли таваллудаш 1981, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Сомон ба самти маҳаллаи Чимтеппа, дар кӯчаи П.Ханчини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Рашидӣ Муҳаммадҷон Носирзода, соли таваллудаш 2014, сокини маҳаллаи Сомонро пахш намудааст.Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш тифли 7-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button