Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Олмон киштии 156-метрии Алишер Усмоновро ҳабс кард

Мақомоти Олмон киштии Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русияро, ки зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт, дар Ҳамбург боздошт карданд. Дар ин бора «Forbes» бо истинод ба се манбаи худ дар тиҷорати киштӣ хабар додааст.

Арзиши ин киштӣ, ки 156 метр дарозӣ дорад, 600 миллион доллар гуфта мешавад. Он ҳавз, майдони нишасти чархбол, толорҳои варзишу хӯрокхӯрӣ, қаиқҳои люкс ва таҷҳизоти дигари замонавӣ дорад. Дар ин киштӣ мумкин аст 40 пешхизмат, 80 ходим ва ҳамчунин 120 меҳмонро ҷой кард. Ходимон 24 соати шабонарӯз дар киштӣ хизмат мерасонанд.

Киштӣ, ки аз рӯи дараҷабандии ҷаҳонии дарозтарин ва гаронтарин киштиҳо ҷойи 4-умро касб мекунад, бо номи «Omar» ба об шино кард, вале баъдтар Алишер Усмонов онро «Dilbar» (Дилбар) номид. Киштиро, ки барои мулоқоти корӣ ва истироҳати хонаводагӣ сохта шудааст, Усмонов ба ифтихори модараш ном ниҳодааст.

Алишер Усмонов (сарвати холис — 15,3 миллиард доллар) муассис ва саҳмдори асосии USM ҳолдинг (49 дарсад) мебошад. USM ба «Металлоинвест» ва «Мегафон» тааллуқ дорад. Дар моҳи декабри соли 2021 ҳолдинг 54 дарсади «МФ Технологии»-ро фурӯхт.

Ширкатҳои Русия, ки бо ӯ алоқаманданд, саҳмияҳои “Капиталбонк” ва “Оҳангарансемент”-ро ба даст овардаанд.

Алишер Усмонов соли 1953 дар Узбекистон таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав (МГИМО)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм карда, соли 1997 соҳиби дипломи фаъолияти бонкии Академияи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия гардидааст, номзади илмҳои иҷтимоӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button