Хабарҳо

ТОЛИБОН АЗ БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН АЗ ТОҶИКИСТОН ХАБАР ДОД. Ӯ МЕГӮЯД, БАРОИ ҶИҲОТ БА ЗИДДИ АМОРАТИ ТОЛИБОН ОМАДААСТ (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии ҷунбиши Толибон видеои бозпурсии як ҷавони зоҳиран 20-25-соларо нашр кард, ки бо як лаҳни хоси тоҷикони Тоҷикистон мегӯяд, аз Тоҷикистон аст ва ба Афғонистон омадааст, бо ба зидди “Иморати исломӣ” (исми режими нави Толибон) “ҷиҳод” кунад.Дар навори кӯтоҳи пулиси Толибон ин ҷавон мегӯяд: “Исми аслиям Умед, номи мустаорам Аҳмад Фарид ва аз Тоҷикистон ҳастам. Аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз Русия ба Туркия, аз Туркия ба Эрон, аз Эрон ба Афғонистон. Бар зидди уҷоҳиддини иморат ҷиҳод мекунам”.Маълум нест, ки Умед ин ҳарфҳоро худаш ба забон меорад ё зери фишор? Дар видео дида мешавад, ки аз ин ҷавони зоҳиран тоҷикистонӣ як автомати Калашников бо тирҳояш, чанд норинҷак (граната), васоили алоқа ва чизҳое ба мисли скотч, ки метавонанд барои тайёр кардани камарбанди маргталабона ҳам истифода шаванд, пайдо кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button