Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ
Дабири кулли СММ аз Путин даъват кард, ки ба сулҳ имкон диҳад ва аз «ҳуҷуми зӯроварона» ба Украина даст кашад

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз Путин даъват кард, ки ба сулҳ имкон диҳад ва «ҳуҷуми зӯроварона»-ро ба Украина боздорад. Суханони ӯро хабаргузории РИА Новости иқтибос овардааст.
«Ман танҳо як чизро аз самими қалб гуфта метавонам: президент Путин, неруҳои худро аз ҳамла ба Украина боздоред, ба сулҳ имкон диҳед, аллакай шумораи зиёди одамон кушта шудаанд»,- хоҳиш кард ӯ.
Ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба вазъият дар Украина соати 05:30 ба вақти Москва оғоз шуд. Онро вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба бинобар муроҷиати ҶМД ва ҶМЛ ба Русия барои кумаки низомӣ дархост кардааст.