Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ФАВРӢ! Путин дастур дод, ки дар Донбасс амалиёти махсус оғоз карда шавад

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин дар муроҷиати махсус ба шаҳрвандони Русия эълон намуд, ки дар бораи амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Донбасс қарор қабул кард, хабар медиҳад имрӯз РИА Новости.

«Вазъ аз мо чораҳои қатъӣ ва фаврӣ талаб менамояд. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд. Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 51, қисми 7-и Оинномаи СММ, иҷозати Шӯрои Федератсия ва ба хотири иҷрои шартномаҳои дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ ман дар бораи гузаронидани амалиёти махсуси ҳарбӣ қарор қабул кардам», — гуфт В. Путин зимни муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони Русия.

Ӯ тазаккур дод, ки дар нақшаҳои Русия ишғол кардани Украина нест, аммо Москва барои демилитаризатсияи он талош хоҳад кард.

«Русия наметавонад худро бехатар ҳис намояд, рушд кунад ва бо таҳдиди доимии аз Украинаи муосир бароянда вуҷуд дошта бошад», — гуфт Путин ва зикр кард, ки аз тарафи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) аз худ кардани Украина қобили қабул нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button