Хабарҳо

“МАРО КАСЕ НАЗАДААСТ…” ВОХӮРИИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ БО БАРОДАР ВА АМАКАШ (ВИДЕО)

шоми 20 феврал видеои лаҳзаи дар боздоштгоҳ ё ҳуҷраи кории муфаттиши парвандааш бо амакаш Ҷавҳаршо Алибеков ва бародараш Бахтиёр Аловатшоев вохӯрӣ кардани Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард. Қаблан сарусадоҳое пайдо шуд, ки гӯё Аловатшоев рагҳои дасташро буридааст ва ӯро дар ҳолати вазнин аз СИЗО ба беморхона бурдаанд. Ин сарусадоҳо баъди нашри видеоҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо Аловатшоев аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ мекарду мегуфт, гӯё худаш бо ихтиёри худаш аз Русия баргаштааст, то дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ӯ ҳамчунин аз сокинони Бадахшон даъват кард, ки аз паси Боқиру дигар лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа нараванд.Вале Аловатшоев дар видеои нави нашршуда гуфт, ки сиҳату саломат аст ва касе ӯро назадаасту шиканҷа надодааст. Амаку бародари ӯ низ дар ин видео гуфтанд, ки дар бадани ӯ ягон осору аломати латтукӯб мушоҳида накарданд.“Бар ҳар гап бовар накунед. Ман зинда, саломат, на касал, на ягон чиз”, гуфт худи Аловатшоев.Мунтақидон ва ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки видеоҳои Аловатшоевро таҳти фишор сабт мекунанд ва аз ӯ барои корҳои тарғиботӣ истифода бурда истодаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ӯ то ҳол ба адвокат дастрасӣ надорад ва таҳти риски зиёди шиканҷа қарор дорад.Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17 феврал дар як изҳорот гуфт, адвокати кирокардаи ин созмон аз 8 феврал ба ин тараф наметавонад макони будубоши Амриддин Аловатшоевро муайян кунад ва бо ин нафари таҳти ҳимояти худ вохӯрад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button