Хабарҳо

ҲАМСАРИ ТОҶИДДИН МУҲИДДИН ВА МОДАРИ ШАБНАМУ ҚОРӢ ШАМШОД АЗ ДУНЁ РАФТ (ВИДЕО)

ҲАМСАРИ ТОҶИДДИН МУҲИДДИН ВА МОДАРИ ШАБНАМУ ҚОРӢ ШАМШОД АЗ ДУНЁ РАФТ Дилбар Гулова, дар гузашта яке аз раққосаҳои номдори тоҷик, ҳамсари овозхони зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин ва модари Шабнами Тоҷиддин ва Қорӣ Шамшод, рӯзи 18 феврал аз олам чашм пӯшид. Ютуб-канали SM NEWS, ки асосан таҳаввулоти марбут ба шоу-бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки ҷанозаи Дилбар Гуловаро худи ҳамон рӯзи ҷумъаи 18 феврал дар деҳаи Мортеппа дар канори шаҳри Ҳисор ба хок супурданд. Тоҷиддини Муҳиддин зодаи деҳаи Мортеппа буд ва дар ҳамин ҷо ба хок супурда шудааст.Дилбар Гулова охирин ишқи Тоҷиддини Муҳиддин буд, ки ин ишқ барояш дар ибтидои солҳои 80 мушкилоти зиёд овард, вале овозхони пуристеъдод ба хотири он аз ҳама шуҳрату мақоми доштааш даст кашид, вале бо Дилбар Гулова монд. Дилбар Гулова низ ба хотири ишқи Тоҷиддини Муҳиддин тарки саҳна кард ва ба қавли маъруф, зани хонашин шуд.Ӯ талаби даст кашидан аз оилаи дуюмро рад кард ва ӯро аз ансамбли №1 он даврон “Гулшан” ронданд ва ба қасри фарҳанги ноҳияи Ҳисор “бадарға” карданд. Ҳамин тавр, мақомот минбари ТВ ва радиоро барои пахши суруду таронаҳои нави ин ҳунарманди нодир бастанд. Тоҷиддини Муҳиддин дар миёнаи солҳои 90 хеле ҷавон аз бемории домана даргузашт.Дилбар Гулова баъди даргузашти Тоҷиддини Муҳиддин фарзандонашон Шабнаму Шамшодро ба танҳоӣ ба воя расонд. Шабнам мисли падараш овозхон шуд, вале Шамшод роҳи динро пеш гирифт ва ҳоло бо номи Қорӣ Шамшод маъруф буда, имоматии яке аз масҷидҳоро дар Ҳисор бар уҳда дорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button