Хабарҳо

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ИСРОИЛ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД (ВИДЕО)

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии гуштини дзюдо – “Тоскӯлоҳи бузурги Тел Авив 2022” (“Tel Aviv Grand Slam 2022”), ки рӯзҳои 17-19-уми феврал дар Исроил баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.Темур Раҳимов ба сабқат дар рӯзи охирини мусобиқа – 19-уми феврал – аз даври дуюм пардохт ва баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Серафим Компанез аз Исроил ва Стефан Ҳеҷйӣ аз Австрия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Гурам Тушишвили (Гурҷистон), ки дар ин вазн медали тилло гирифт, мағлуб шуд.Сипас паҳлавони тоҷик дар рақобат барои медали биринҷӣ Анди Грандаро аз Куба шикаст дод. Темур Раҳимов соли гузашта дар мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузург” дар Боку медали нуқра ва дар Абу Забӣ медали биринҷӣ гирифта буд.Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Темур Раҳимов, боз се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков (-73 кило), Шодмон Ризоев (-81 кило) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кило) — намояндагӣ карданд, вале ноком шуданд.Ин мусобиқаи севуми байналмилалии гуштини дзюдо дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Пештар дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» танҳо як варзишгари тоҷик — Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда буд. Ӯ дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button