ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Маҳмадюсуф Имомзода барканор шуд. Раҳимҷон Саидзода – вазири нави маорифи Тоҷикистон

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ки бо чанд изҳороти баҳсбарангезаш, аз ҷумла дар бораи аз кишвар рафтани омӯзгорон маъруф аст, аз мансаб барканор шуд. Вай дар ин мақом ҳамагӣ ду сол кор кард.

Ба ҷойи ӯ Раҳимҷон Саидзодаро таъин карданд, ки то кунун мудири намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқоти технологии Маскав (МИСИС) дар Душанбе буд.

Гусели вазири собиқ ва муаррифии вазири нави маориф рӯзи 21-уми феврал баргузор гардид. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҷаласа сабаби барканории Маҳамадюсуф Имомзода “гузаштан ба кори дигар” номбар шудааст. Ҳамзамон се муовини вазири маорифро нав кардаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Раҳимҷон Саидзодаро дар саҳни бинои Вазорати маориф вохӯрданд, вале ӯ бо баҳонаи он ки дар Академияи илмҳо ҷаласа дорад, аз суҳбат худдорӣ варзид.

Маҳмадюсуф Имомзода дар моҳи январи соли 2020 ба ҷойи Нуриддин Саид ба курсии вазири маориф ва илми Тоҷикистон нишаст. То он замон раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Номи Имомзода чанд дафъа дар пайванд ба изҳороти баҳсбарангезаш вирди забонҳо шудааст. Ӯ соли гузашта баҳси маршировкаро «хасакӣ» номид ва имсол тарки соҳа кардани омӯзгоронро «раванди маъмулӣ» донист ва хост, аз он фоҷиа насозанд.

Ҳамасола дар остона ва ё баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз он беҳбуди кори ниҳодҳои давлатӣ аст. Мунтақидон мегӯянд, ин тағйирот бештар аз ҷойивазкунии мансабдороне иборат аст, ки ҳар чанд вақт аз як мақом ба мақоми дигар «мекӯчанд».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button