Хабарҳо

ЛАҲЗАИ ЛАТТУКӮБИ КОРМАНДОНИ ПУЛИС ДАР МЕТРОИ МАСКА БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОД

Телеграм-канали НТВ видеои аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудани ду корманди пулис дар истгоҳи метрои “Тулская” дар маркази пойтахти Русияро нашр кардааст. Лаҳзаи ҳамла ба кормандони пулисро видеокамераи назоратии насбшуда дар истгоҳи метро сабт кардааст.Бино ба иттилои НТВ, шоми 17 феврал кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” як мардро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ шудаанд. Вале он мард ба далели ҳанӯз номаълуме муқовимат нишон медиҳад ва кормандони пулис ӯро ба замин хобонда, дастонашро ба пушт тоб медиҳанд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як дӯсти муҳоҷири дастгиршуда ба кумаки ӯ шитофта, бо ҳарду пояш бо шаст яке аз кормандони пулисро зада, аз пой меафтонад ва занозанӣ сар мешавад. НТВ мегӯяд, яке аз он ду ҳамлагарро дастгир кардаанд ва дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Аммо ин нашрия нагуфтааст, ин ду нафар аз кадом кишваранд? Ба онҳо барои зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 10 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекунад.Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис танҳо дар шаҳри Маскав аст.

https://t.me/ntvnews/89596

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button