ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Додгоҳ ба Хӯҷа командир барои одамкушӣ ва роҳзанӣ ҷазои сахттар дод

Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, маъруф бо номи Хӯҷа-командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқиро дар доираи парвандаҳои наваш ба 21 сол маҳкум ба зиндон кард. Қаблан ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «ҳукм ду рӯз пеш эълон шуд ва он бо назардошти ҳукми пешинаш, яъне дар маҷмӯъ 21 сол хонда шуд».

Вокуниши худи Хӯҷа-командир ва хонаводааш ба ҳукми нави додгоҳ то ҳол маълум нест. Вале қаблан Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов гуфта буд, ки ба иттиҳомҳо нисбати падараш розӣ нест.

Парвандаи Каримов пас аз он додгоҳӣ шуд, ки ба иттилои мақомот, ба унвонии Додситонии кул баъзе шикоятҳо нисбати маҳкумшуда ворид шуданд. Ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ таъкид намуд, ки «беш аз 15 кас дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов, шикоят карданд».

Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додрас барои Хӯҷа Каримов 30 соли ҳабс хоста буд. Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, рӯзи 4-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест. Ӯ он замон таъкид намуд, ки «ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад».

Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов низ ҳанӯз дастрас нест. Аммо ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ, ки аз ҷузъиёти парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфт, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.

Ин чархиш дар парвандаи Хӯҷа Каримов дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баҳори соли гузашта ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буд.

Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти халқӣ буд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли 2020 аз Дубай ба Душанбе оварданд. Вай ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.

Баъзе аз шоҳидони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар «бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта» муттаҳам медонанд. Аз ҷумла, пайвандони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button