Хабарҳо

16 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПОРА ГИРИФТАНИ ЯК КОРМАНДИ АГЕНТИИ МАОРИФ

Як манбаи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар дод, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 январ як корманди Агентии назорати соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон, як ниҳоди давлатии вобаста ба президенти ин кишварро бо иттиҳоми гирифтани 16 ҳазор доллар аз як корафтода дастгир кардаанд.Ба гуфтаи ин манбаъ, Д.Ю., зодаи ноҳияи Данғара, фарзанди С.Ю., як мақоми дар гузашта баландпояи ВКД, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 16 ҳазор доллар аз шаҳрванд С. бо далели шайъӣ ба даст афтодааст ва ин маблағро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ки боздоштшуда ба шаҳрванд С. ваъда додааст, ки ӯро дар ивази 16 ҳазор доллар якбора аз соли дуюм (!!!) ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил мекунад. Дар посух ба ин суол, ки оё дар воқеъ сухан дар бораи қабул кардан ба мактаби олӣ якбора аз соли дуюм меравад?, манбаи “Бомдоди” гуфт, бале, дар ҳақиқат, ин интиқол аз дигар мактаби олӣ ба Донишгоҳи тиббӣ, яъне “перевод” набуд, балки шаҳрванд С. баъди пардохти 16 ҳазор доллар якбора донишҷӯи соли дуюми ин донишгоҳ мешуд. “Перевод” 16 ҳазор доллар намешавад, хеле арзонтар аст “нарх”-аш”, — гуфт ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button