Хабарҳо

MАРГИ ФОҶИАВИИ ОЛИМИ ҶАВОНИ ТОҶИК ФАРҲОД РАЗЗОҚОВ ДАР РОҲИ АЙНӢ — ПАНҶАКЕНТ

Номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи бостоншиносии Донишгоҳи славянӣ Фарҳод Раззоқов рӯзи 30-юми январ дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Айнӣ — Панҷакент ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 37 сол дошт. Бино ба иттилои дарёфтӣ, маросими дафни олими ҷавони тоҷик рӯзи 31 январ, соати 11 дар деҳаи Марғедар доир мешавад.Фарҳод Раззоқов, фарзанди бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов буда, дар Русияву Олмон низ кор кардааст. Ӯ рисолаи номзадиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя карда буд ва муаллифи даҳҳо мақолаву асарҳои илмӣ ва чанд китоб буд. Падараш Абдурауф Раззоқов, чандин сол мудири пойгоҳи бостоншиносии Саразм буд ва дар рушду нумӯи илми бостоншиносӣ хизматҳои шоён намудааст. Фарҳод Раззоқов ҳанӯз аз давраҳои мактабхониаш ба падарш ёрӣ мерасонид. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Абдурауф Раззоқов баъд аз хидматҳои устодаш Абдуллоҷон Исҳоқов, ковишҳои археологӣ дар Саразм равнақ ёфт. Аз Фарҳод Раззоқов ду тифли хурдсол ятим монд. Марҳум домоди бародари овозхони шинохтаи тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button