ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар Волгоград

Шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гармхонае дар Волгогради Русия кор мекарданд, бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҷон бохтаанд.

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси «Ҷамоати тоҷикони Волгоград», рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, «ҳамаи онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳастанд». Тафсилоти дигар дар даст нест.

Мақомоти Русия мегӯянд, ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ карданд. Парванда боз шудааст. Ба иттилои онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қонунӣ кор мекарданд, вале «меъёрҳои бехатариро дар ҳудуди гармхона риоя нанамудаанд».

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин оморро бештар аз як миллион нафар медонанд.

Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷиронро аз Русия ба ватан меоранд. Соли 2020, ба сабаби пандемия ва баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ, тобути 300 нафарро оварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button