Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Роҳбари Чин ваъда дод, ба Осиёи Марказӣ $500 млн ҷудо мекунад

Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ваъда дод, ки дар се соли оянда дар ҳаҷми 500 миллион доллар барои рушди иқтисод ва амнияти Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҷудо хоҳад кард.

Дар саммити онлайнии «Осиёи Марказӣ — Чин», ки рӯзи 25 январ бахшида ба 30-солагии робитаҳои дипломатии Пекин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуд, Си Ҷинпин гуфт, маблағҳои ҷудошуда ба «тарҳҳое равона хоҳанд шуд, ки ба таъмини аҳолӣ бо васоили муҳим барои зиндагӣ рабт доранд».

Роҳбари Чин ҳамчунин ваъда дод, 50 миллион воя ваксинаи зидди КОВИД-19 ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ ирсол хоҳад кард. Вай илова кард, Пекин метавонад, истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирусро ба кишварҳои дигар омӯзонад.

Чин талош дорад, ки бо Осиёи Марказӣ робитаи наздиктар барқарор кунад, аммо бо назардошти он, ки Москва кишварҳои пешини Иттиҳоди Шӯравиро минтақаи таҳти нуфузи худ медонад, аз эҳтиёт кор мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button