МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

10 ҶИНОЯТКОРИ БАДТАРИНИ РУСИЯ: ДАР ҶОИ АВВАЛ – РОҲИБ СИЛУАН, ҚОТИЛИ 3 ТОҶИК

Маҷаллаи русии “Секрет фирмы” дар як мақолаи муфассал тафсилоти парвандаҳои 10 нафареро овардааст, ки мақомоти Русия аз ҳама бештар дар фикри ёфтану дастгир кардани онҳоянд. Дар сомонаи ВКД Русия барои ироаи маълумот дар бораи ҳар кадоми онҳо як миллион рубл ҷоиза ҳам муқаррар кардаанд. Ҳоло ин рӯйхатти сиёҳи ҷинояткороне, ки аз ҳама бештар ҷустуҷӯ мешаванд, бо исми Андрей Кузнетсов (Храмов) ном нафаре оғоз мешавад, ки 23 сол пеш: моҳи феврали соли 1999 дар шаҳри Екатеринбург се муҳоҷири тоҷикро бераҳмона кушт ва баъдан барои раҳоӣ аз таъқиби пулис ҳатто роҳиби насронӣ шуда, номашро ба номи мазҳабии “отец Силуан” иваз кард ва бо ҳамин ном 5 сол дар як дайри масеҳии занона дар Среднеуралск чандин сол пинҳон шуд.Бино ба иттилои дарёфтии маҷаллаи “Секрет фирмы”, моҳи феврали соли 1999 Андрей Кузнетсов, кион вақт Андрей Храмов ном дошт ва тоза аз маҳбас озод шуда буд, ҳамроҳи ду шарикаш дар Екатеринбург ба хонае, ки се шаҳрванди Тоҷикистон иҷора менишастанд, ҳамла оварда, бо таҳдиди силоҳ аз ин се нафар, ки дар бозори Екатеринбург савдо мекарданд, пул талаб кардаанд. Гуфта мешавад, ки ғоратгарон худро кормандони пулис муаррифӣ карда, ба хонаи он се муҳоҷири тоҷик зада даромадаанд. Онҳо бо таҳдиди силоҳ аз муҳоҷирони тоҷик пул талаб мекунанд ва вақте ки кадоме аз онҳо мехоҳад муқовимат нишон диҳад, ҳарсеро мепарронанд ва ярадор мекунанд. Сипас ғоратгарон дасту по ва даҳони тоҷикҳои захмиро баста, хонаашонро мекобанд, вале ҳамагӣ 4 ҳазор рубл ва як курткаи чармин пайдо мекунанду халос.Пеш аз фирор, роҳиби оянда “падар Силуан” ба сари ҳар кадом аз он се тоҷик тир зада, ҳарсеро ҷобаҷо куштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button