Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ОФАРИН! ЯК МИЛИСА АЗ СӮХ НИСФИ ЗАМИНИ ХОНААШРО БА ЯК ҲАМДЕҲАИ НОДОРАШ ДОДААСТ

Дар шароите, ки порчаҳои замин боиси муноқишаву ҳатто хунрезӣ байни одамон, аз ҷумла байни ҳатто бародарон шудааст, Дадахон Хидоятов, сержанти калони милитсия аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон баракс нисфи замини ҳавлиашро ба як оилаи муҳтоҷ дод ва бо ин иқдоми ҷавонмардонаи худ ҳамаро ба ваҷд овард.Бино ба гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Дадахон Ҳидоятов, ки аз тоҷикҳои Сӯх аст, 8 садяк аз 16 садяк, яъне нисфи замини ҳавлиашро барои бунёди хона ба як оилаи камбизоат, ки хонаи худро надошт ва муддати зиёде боз дар шипанг (бошишгоҳи саҳроӣ) дар канори маҳаллаи Навободи ноҳияи Сӯх зиндагӣ мекард, додааст.Дадахон Ҳидоятов ба ин кори хайри кардааш ҳам қаноат наварзида, ҳамроҳи дӯстонаш барои ин оилаи кӯтоҳдаст маводи сохтмон харида додаанд ва ҳоло дастаҷамъона ба сохтани хонаи нав барои ин оила сар кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button