ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон: Сабти якбора 23 ҳолати гирифторӣ

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазорати Тандурустии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус гузориш медиҳад.»Ирӯз, 21 январ зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст», — афзудааст манбаъ.Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17118 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button