МУҲОҶИРОН

38 МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ ДАРМОНДАРО АЗ ОСЕТИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАРДОНДАНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки рӯзи 19 январи соли 2022 бо мусоидати Хадамоти консулии сафорат 38 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал, маркази маъмурии ҷумҳурии эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Сафорат гуфт, “зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон аз ҷониби сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуд.”Даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷои кор худро ба минтақаҳои эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ва ҳамчунин ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мезананд. Азбаски мақоми ҳуқуқии ин минтақаҳо баҳсбарангез аст, ин муҳоҷирон ҳангоми хуруҷ аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон дучори мушкилот мешаванд. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби надонистани ҳассосияти масъала баъди 3 моҳи будубош дар Қрим барои аз нав аз сари хат сар кардани муҳлати будубоши худ кӯшиш мекунанд, ки аз Қрим ба қисмати боқимондаи Украина гузаранд ва ба ин тариқ, аз марзи Русия бароянду боз дароянд. Бехабар аз он ки дар Украина онҳоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба “минтақаи ишғолшуда”, яъне Қрим метавонанд ҷазои шадид бидиҳанд ва ҳатто ба зиндон биандозанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button