Минтақа ва ҶаҳонУмумӣХабарҳо

Президенти Туркия роҳбарони Русия ва Украинаро ба кишвараш даъват кард

Президенти Туркия роҳбарони Русия ва Украинаро ба кишвараш даъват кардааст, то нофаҳмияҳояшонро баррасӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Туркия омода аст, майдон барои музокирори президенти Русия, Владимир Путин ва ҳамтои украинияш, Владимир Зеленскийро пешниҳод намояд.Дар ин бора РИА Новости аз қавли Иброҳим Калин, намояндаи расмии президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон хабар додааст.»Президент Эрдуғон ҳар ду роҳбарро ба Туркия барои мулоқот ва ҳалли мушкилоту нофаҳмиҳо миёнашон даъват намуд. Туркия ба ҳар коре дар ҳадди тавонаш омода аст, то шиддат миёни Русия ва Украина коҳиш ёбад», изҳор доштаст Калин.Вай афзуд, раисҷумҳури Туркия ният дорад, дар рӯзҳои наздик аз Украина боздид намояд.»Дар зимн бо Русия низ дар иртиботи зич хоҳем буд, то аз ҳар гуна амалиёти низомӣ, ки метавонанд, паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошанд, ҷилавгирӣ шавад», — илова намуд намояндаи Эрдуғон.Маврид ба зикр аст, ки расонаҳои ғарбӣ борҳо аз омодагии Русия барои ҳамла ба Украина хабар доданд. Маскав ин иддаоро бепоя хонда, афзуд, ки ҳеч нияти истифода аз зӯри низомиро надораду ба кишваре таҳдид намекунад. Ҷониби Русия муътақид аст, ки ин ҳама сарусадо ҳамчун баҳона барои ҷой додани нерӯи НАТО дар Украина истифода мешавад.

Ахиран миёни НАТО ва Русия дар шаҳри Брюссел гуфтушунидҳо баргузор гардиданд. Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҷониби ғарб ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат посухи хаттӣ аз рӯи ҳар банди пешниҳодкардаи Маскавро ироа хоҳад намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button