Нуқтаи назарХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ТАБИБИ ОСЕТИН ДУХТАРАКИ ТОҶИКРО, КИ ЧОРҒОВАК РОҲ МЕРАФТ, БА ПОЯШ РОСТ КАРД (ВИДЕО)

Хабаргузории Ossetia News қиссаи ҷолиби аз ҷониби ҷарроҳи осетин Казбек Кудзаев ба пойҳояш рост кардани Мавлуда ном духтараки хурдсол аз Тоҷикистонро нашр кард.

Мавлуда бо он ки ба синни 13 расида буд, ба иллати фалаҷи кӯдак (ДЦП) ба пои худ рост истода наметавонист ва бо як азобу машаққати зиёд чорғовак ҳаракат мекард.

Видеои чӣ гуна бо азоб  ҳаракат кардани Мавлударо намояндагони як созмони хайрия ба ҷарроҳ Казбек Кудзаев аз шаҳри Владикавказ, пойтахти ҷумҳурии Осетияи шимолии Русия фиристоданд. Табиб аз дидани лаҳзаҳои бо чӣ машаққат бо қуввати дастонаш худро кашола карда бурдани Мавлуда хеле ба риққат омад ва худаш пешниҳод кард, ки омода ҳаст, ин духтараки тоҷикро бепул ҷарроҳӣ кунад.

Казбек Кудзаев гуфт: “Маро бавида он лаҳза ба риққат овард, ки ӯ дар рӯи ҳавлӣ чорғовак роҳ мерафт ва кафшонашро дар дастонаш пӯшида буд, на дар пойҳояш. Ин маро сахт ба риққат овард ва ман ба худ гуфтам, ки бояд ман ба ӯ кумак кунам.”

Як табиб аз Тоҷикистон пули сафари оилаи Мавлуда то Владикавказро пардозт кард ва Мавлуда бо падару модараш ба инҷо омаданд. Рӯзи 13 январ амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шуд. Амалиёт хеле мураккаб буд ва қариб чоруним соат давом кард.

 “Пойҳои Мавлуда қад намешуд, мушакҳояш заиф буданд ва аз ин рӯ, пойҳояш зуд овезон мешуданд. Мо хеле аз устухонҳои пою рону зону ва кафи пойи Мавлударо бо роҳи ҷарроҳӣ тағйир додем, ки ӯ ба пояш рост истода тавонад”, — нақл мекунад ҷарроҳ.

Алакай се рӯз баъди ҷарроҳӣ Мавлуда кам-кам ба хестан сар кард. Ҳарчанд ҳанӯз бо пои худ роҳ гаштан барои ӯ мушкил аст, вале Казбек Кудзаев мутмаин аст, ки дар оянда ӯ метавонад ба роҳатӣ худаш мустақилона, бидуни кумаки дигарон роҳ бигардад.

Дар ҳоли ҳозир Мавлуда дар Владикавказ давраи реабилитатсияро мегузарад, ки  то аз пойҳояш гирифтани дастгоҳи Илизаров камаш як моҳ бояд давом кунад. Барои ин муддат барои Мавлуда як манзилро дар Владикавказ иҷора гирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button