Минтақа ва ҶаҳонХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Боздошти раиси Хадамоти гумрук бо гумони фасод

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо истинод ба  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17 январ хабар дод.

Кумитаи амнияти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки «аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд».

КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.

Мақомот нисбати раиси Хадамоти гумрук бо моддаи «фасодкорӣ» парванда боз кардаанд.

Адилет Кубаничбекови 40-сола 26 октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/centralasia/20220118/bozdoshti-raisi-hadamoti-gumruki-iriziston-bo-gumoni-fasod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button