МУҲОҶИРОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Боздошти зани тоҷик дар Украина, ки бо ҷурми терроризм дар пайгарди Интерпол буд

Маълумот дар бораи шаҳрванди 32-солаи боздоштшудаи Тоҷикистон дар пойгоҳи Интерпол мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, — Sputnik. Дар Украина як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо террористон боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти марзбонии Украина дар сафҳаи Facebook-аш хабар додааст.Ҳодиса дар фурудгоҳи Одесса рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳангоми убури марз сарҳадбонон шаҳрванди Тоҷикистонро тафтиш кардаанд. Ҳангоми дақиқ кардани шахсияти ӯ маълум шуд, ки маълумоти зани 32-сола дар махзани Интерпол мавҷуд аст.»Шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар созмони террористӣ таҳти пайгард қарор дорад», — омадааст дар хабари ниҳоди украинӣ.Дар гузориш гуфта мешавад, ки боздоштшуда ба пулис супурда шуд ва марзбонон низ ба намояндагии Интерпол дар Киев хабар додаанд.Ҷузъиёти дигари боздошти ин зани тоҷик хабар дода нашудааст.Мавриди зикр аст, қаблан Интерпол як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар фурудгоҳи Ӯзбекистон боздошт кард.Ин марди 38-сола бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Қаблан полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии «Интерпол»-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки феълан дар истеҳсолоти бюро парвандаи 3 ҳазоур 140 нафар қарор доранд, расман таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошанд.Ӯ таъкид намудааст, ки раванди ҷустуҷӯ таҳти назорат қарор дошта, ҳамкорӣ бо кишварҳои узви дигари «Интерпол» дар ин самт идома дорад.Ёдовар мешавем, ки Интерпол соли 1923 таъсис ёфтааст. Аз соли 1956 инҷониб ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноӣ номида мешавад. Идораи марказии он дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст.Вазифаи асосии Интерпол муттаҳид кардани кӯшишҳои мақомоти миллии ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳои умумӣ мебошад.Тоҷикистон аз соли 2004 узви ин созмон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button