Нуқтаи назарХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳабси маъмури итернет-кафе барои роҳ додани ноболиғон

Ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон, ки ҷисману рӯҳан хуб инкишоф наёфтаанд, метавонад таъсири манфӣ расонад. Бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои пешгирикунандаро доир намуда истодаанд.
   Аз ҷумла, дар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерӣ ҳастанд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар маркази компютерии мазкур шаҳрванд Аҳтами Рустам санаи таваллудаш 10.01.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ҳамчун маъмур (администратор) фаъолият намуда, новобаста аз таъкидҳои ҳамешавии мақомот ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон, махсусан дар вақти дарсӣ, боз ба хотири ба даст овардани даромад ноболиғонро роҳ додааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Аҳтами Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button