УмумӣХабарҳоХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Маркази миллии тестии Тоҷикистон барои соли 2022 курсҳои омӯзишӣ оғоз намуд!

Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор курси омӯзишӣ   баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази мартуботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Курси омӯзишии мазкур бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Маркази миллии тестӣ барои шарҳу тафсири мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайра омода намудааст. Инчунин ба таблиғгарон маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва модули омӯзишии низоми ИМД дастрас намуд.

Гуфта мешавад, ки моҳи январ дар ду сатҳ ва моҳи феврал дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ доир ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестӣ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2022 аз 1 феврал то 12 март вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон пешбинӣ шудааст.

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button