ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа
ЛИДЕРИ БАДАХШОН АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ (видео)

Дар бораи сарнавишти яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз Русия хабарҳои гуногун ба даст мерасанд. Ду рӯз боз дастнорас шудани алоқа бо Аловатшоев боиси ба вуҷуд омадани сарусадоҳои мухталифе дар бораи куҷо шудани ӯ шудааст.
Бино ба бархе манобеъ, Амриддин Аловатшоев ахиран дар ҳудуди вилояти Белгороди Русия ҳангоми убури марзи Русия бо Украина бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир шудааст.
Манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро бар асоси чӣ муомилае ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд ва ӯ ё дар садади истирдод ба Душанбест ваё шояд ҳатто алакай дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад.
Ин манбаъ мегӯяд, баъди ин ҳодиса тамоми телефонҳоро кушта, Амриддин Аловатшоевро дар як макони амн пинҳон карданд ва ҳоло талош доранд, то масъалаи амнияти ӯро бо мақомоти расмии Русия матраҳ кунанд ва кафолат ба даст биоранд, ки ӯро касе ба Душанбе нахоҳад супурд.
Тафтиши ин маълумот тавассути манобеи дигар хеле мушкил аст.
Дар ҳамин ҳол, бархе саҳифаҳое, ки гумон меравад, ба “фермаи ҷавоб”, як гуруҳи троллҳои мақомоти вижаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, шаби 12 январ бо истинод ба “намояндаи диаспораи халқҳои Помир дар Русия Наврас Окимбеков” хабар доданд, ки Аловатшоев Амриддин Бозорович рӯзи 12 январ дар ҳудуди вилояти Белгороди Русия ҳангоми убури марзи Русия бо Украина бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир шудааст ва гӯё зимни бозпурсӣ баёнот додааст, ки мехост ғайриқонунӣ аз марз гузарад. Вале дар ҷамъиятҳои зодагони Бадахшон дар Русия аз вуҷуди “намоянда”-е бо номи Наврас Окимбеков изҳори бехабарӣ мекунанд. Ҷустуҷӯ дар Интернет низ нафареро бо чунин ном пайдо карда натавонист ва тавре ба назар мерасад, ин метавонад як номи сохта бошад.