Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Амрико дар Афғонистон бузургтарин ёрирасон боқӣ мемонад

Амрико ба мардуми эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа 308 миллион доллар ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дода гуфтааст, ин ёриҳо мустақиман ба мардуми Афғонистон дар соли 2022 расонида мешавад.

Охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз баъдтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта буд, ба миллионҳо нафар кӯдакони афғон гуруснагӣ ва марг таҳдид мекунад.  Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимонда аъзои хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90 дарсади афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар хабарномае дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, Амрико бар тааҳуди устувори худ барои кӯмак ба афғонҳои эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа таъкид мекунад. Дар назар аст соли 2022 USAID, як созмони байналмиллаии Амрико ба мардуми эҳтиёҷманди Афғонистон 308 миллион доллар кӯмаки башардӯстона расонад.

Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки Амрико ба унвони бузургтарин таъминкунандаи кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон боқӣ мемонад. Маблағи ҷудошудаи маҷмӯи кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА барои Афғонистон ва паноҳҷӯёни афғонистонро аз моҳи октябри соли 2020, ба ҳудуди 782 миллион доллар мерасонад”.

Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти ҳукумати Толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар баъдтар шуд. Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40%-и ММД мерасид, буҳрони шадиди башардӯстона рӯйи кор омад. Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button