ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Барканории сардори идораи андози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ аз Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд, фармони барканории Комил Салимзода (Бӯтаев) аз сӯи Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз сурат гирифтааст.“Фармон дар бораи барканории Комил Салимзода, ҳудуди як ҳафта қабл содир шудааст”, – гуфт, манбаъи Sputnik Тоҷикистон.Ин манбаъ дар бораи сабаби барканории сардори нозироти андози ноҳия изҳои бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин тасмими роҳбарият” аст.Комил Салимзода (Бӯтаев) баъд аз як соли барканорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар поёни моҳи майи соли 2021 ба ҷойи Азиз Аҳмадзода, сардори Идораи нозироти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калонтарин навоҳияи Суғд таъйин шуда буд ва он замон Аҳмадзода, муовини сардори Идораи андози шаҳри Истаравшан таъйин гардид.Салимзода (Бӯтаев) аз январи соли 2016 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд ва то соли 2020 дар ин вазифа кор кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button