ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз кори ширкатҳои мобилӣ ва муҳлат барои ислоҳи камбудиҳо

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ҷаласаи ҳисоботӣ аз фаъолияти панҷсолааш дар баробари дигар мушкилоти пойтахт ба хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ дахл кардааст.Ӯ зимни баррасии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ гуфтааст, хизматрасониҳо дар ин самт ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.»Хизматрасонии ин ширкатҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолият дида бештар мебошад», — гуфтааст Рустами Эмомалӣ.Шаҳрдори Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муддат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.Интиқоди Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки ҳамарӯза сокинони кишвар аз сатҳу сифати хизматрасониҳо, махсусан суръати сусту нархи гарони интернет дар кишвар шикоят мекунанд.Дар раддабандии нави сураъати интернети мобилӣ. ки онро ширкати Тоҷикистон ҷои 129-умро дар байни 140 кишвари дунё ба даст овардБар пояи радабандии Speedtest Global Index суръати интернет дар Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 боз ҳам суст шудааст.Дар ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ҷойи 134-умро гирифтааст, ки панҷ зина нисбат ба нишондиҳандаи қаблияш паст мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button