ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

АВВАЛИН МУЛОҚОТИ ПАДАРУ БИБИАШ БО ЧОРШАНБЕ ДАР БОЗДОШТГОҲ (ВИДЕО)

Субҳи 13 январ, ним моҳ баъди ҳабси варзишгари шинохтаи поп-ММА Чоршанбе Чоршанбиев, ба хешовандони наздики ӯ – падар ва бибиаш – билохира муяссар шуд, ки бори аввал ӯро дар СИЗО ё боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бубинанд. Дар ин бора худи онҳо билофосила баъди анҷоми мулоқоташон тавассути пахши мустақим дар саҳифаи фаъоли зодаи Бадахшон Музаффар Имомдод дар шабакаи Фейсбук хабар доданд.

Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе гуфт, писараш ҳангоми мулоқот сарусадоҳо дар бораи гӯё шиканҷа шуданаш дар боздоштгоҳро рад кардааст. “Аҳволаш хуб аст дар онҷо. Либоси гарм дорад, ҳуҷрааш гарм аст. Гуфт, ки ба вай имкони машқ кардан дар толори варзишро ҳам фароҳам овардаанд”, – хабар дод Авазхон Паҳлавонов.

Бибии Чоршанбиев аз мардум барои чунин таваҷҷуҳи пайваста ба сарнавишти наберааш изҳори ташаккур кард ва гуфт, “табъи Чоршанбе хуш буд ва иродааш мустаҳкам аст”.

 Музаффар Имомдод изҳори умед кард, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва мақомоти амниятӣ инсондӯстӣ зоҳир карда, Чоршанбе Чоршанбиевро барои “суханрониҳои иштибоҳиаш” мебахшанд.

 “Ӯ танҳо ақидаҳои иштибоҳии худро баён кардааст. Дар пушти вай на ягон ҳизб истодаасту на ягон гуруҳ. Аз ин рӯ, умедворем, ки инсондӯстӣ нишон дода, Чоршанберо мебахшанд”, – гуфт дар анҷоми пахши мустақимаш Музаффар Имомдод.

Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 26 сол дорад ва яке аз ситораҳои машҳури поп-ММА дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 3 декабр бо иттиҳоми бо суръати баланд ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва суғурта рондани мошинаш дар Маскав дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав рӯзи 6 декабр ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро баровард ва алакай шаби 30 декабр Чоршанбиевро ба Тоҷикистон фиристоданд. Баробари расидан ба фурудгоҳи Душанбе, Чоршанбиевро кормандони КДАМ ба ҳабс гирифтанд.
Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи ин варзишгар 3 адвокат ҷудо кардааст, ки алакай аз 31 декабр дастбакор шуданд, вале натавонист ҳукми ҳабси ӯро иваз кунанд. Рӯзи 5 январ коллегияи парвандаҳои ҷиноятии додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти адвокатҳо дар мавриди чораи пешгирӣ нисбат ба Чоршанбиевро баррасӣ кард, вале қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз 31 декабр дар мавриди ба ҳабси пешакӣ гирифтани варзишгарро бетағйир боқӣ гузошт.
Рӯзи 8 январ ба Чоршанбе Чоршанбиев расман бар асоси қисми дуюми моддаи 307 иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон айбнома эълон карданд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вале ӯ ба таври хаттӣ ва даҳонӣ чандин бор батакрор гуфтааст, ки “ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман чунин ҷиноят накардам ва намедонистам, ки муроҷиати ман метавонад ҷиноят арзёбӣ шавад. Ман  фақат бо дархости ба ҷавобгарӣ кашондани  афроди гунаҳкор муроҷиатнома карда будам.”
Аз ин суханон бармеояд, ки парвандаи Чоршанбиев бар пояи муроҷиатномаест, ки ӯ дар рӯзҳои эътирозҳои ахири Хоруғ нашр кард. Чоршанбе Чоршанбиев дар он муроҷиатнома куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбековро маҳкум карда, ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги ӯро талаб мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button