Нуқтаи назар

Ӯ террорист нест: Ҷонибдории Тошиев аз шаҳрванди боздоштшудаи ин кишвар дар Қазоқистон

Қирғизистон аз боздошт шудани як шаҳрвандаш дар ошӯбҳои Қазоқистон вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Қирғизистоние, ки дар ошӯби Қазоқистон боздошт шудааст, террорист нест. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҳузури шаҳрвандони ин кишвар, ки барои ҷонибдорӣ аз ҳамватани худ даст ба эътироз задаанд. изҳор дошт.»Ӯ террорист нест. Фақат он нафароне, ки тафтишот мебаранд, ё иштибоҳ кардаанд ва ё мехостанд бо ин роҳ манфиат ба даст оранд», — таъкид кард Тошиев.Ба боварии Тошиев, шаҳрванди Қирғизистон «дар вақти нодуруст дар ҷои нодуруст қарор гирифтааст». Ӯ қайд намуд, ки ягон ҳамлагар аз қаламрави ҷумҳурии ҳамсоя ба Қазоқистон нагузаштааст.»Дар Қирғизистон ягон террорист вуҷуд надорад, агар бошанд ҳам тибқи қонунгузории мо ҷазо мегиранд», — афзудааст Тошиев.Зимнан, раиси КДАМ Қирғизистон зикр намуд. ки ҳоло ҷониби Қазоқистон расман ба онҳо муроҷиат накардааст.

Қаблан шабакаи давлатии телевизиони Қазоқистон видеои бозпурсии як шаҳрванди Қирғизистонро нашр кард, ки дар он боздоштшуда иқрор намуд, ки бар ивази 200 доллар мехост дар ошӯбҳои ин кишвар иштирок кунад.Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, дар манзиле, ки қарор дошт, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд.Ба хабари баъзе манобеъ, боздоштшуда аслан ҳунарманд аст ва дар Қазоқистон барномаи консертӣ баргузор мекард. Вале феълан ин маълумот ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button