Фарҳанг

ШОИРИ ТОҶИКИ СӮХ ИЛҲОМИ ОБИШИРӢ АЗ ДУНЁ РАФТ

Ҳамробой Илҳоми Обиширӣ, шоири тоҷики зодаи гузари Мулгони ноҳии Сӯх рӯзи 8 январи соли 2022, дар синни 71 ба раҳмати Ҳақ пайваст. Адиби тоҷики зодаи Сӯх Марямбонуи Фарғонӣ бо нашри хабари марги ин шоири тоҷик дар Фейсбук аз мардум хостааст, ки дар ҳаққи Илҳоми Обиширӣ, ки як умр машъали забони тоҷикиро дар диёри дурафтодаи Сӯх фурӯзон нигоҳ медошт, як каф дуои худро дареғ надоранд. Илҳоми Обиширӣ 8 ноябри соли 1950 дар гузари Мулгони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, воқеъ андар соҳили рӯди Обишир дида ба ҷаҳон кушода, соли 1971 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст.Марямбонуи Фарғонӣ менависад: “Чун аз овони донишҷӯӣ ба назари устод шогирднавоз Лоиқи бузургвор афтода буданд, намунаҳои ашъорашон пайваста дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор меёфт. Баъди хатми донишгоҳ бо даъвати устод Лоиқ мебоист ба Тоҷикистон меомаданд, вале падари сахтгир садди роҳ гардиданд, то чароғи хонадони бобоиро яккаписарашон дар зодгоҳ фурӯзон доранд. Ҳамин тавр Илҳоми нармдилу ҳалимгуфтор як умр дар Обишир монданд ва дар мактаби деҳа машъалбардорӣ карданд.”Марямбонуи Фарғонӣ меафзояд, ки ҳарчанд Илҳоми Обиширӣ шоири сермаҳсул буд, вале “шояд ҳамон хислати зотии фурӯтанӣ боис шудааст, ки аз пайи тартиб додани дафтару девон нашуд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button