ТОҶИКИСТОН

МОҶАРОИ ДУЗАНАГИИ ПАРВИЗ ДАВЛЯТОВ: АВВАЛАШ – РОҲАТИ ҶОН, ОХИРАШ – КУНҶИ ЗИНДОН…

Додситонии кулли Тоҷикистон бархе ҷузъиёти парвандаи Давлятов Лутфулло (Парвиз) Давлятович, як корманди баландпояи ширкати “Мегафон”ро нашр кард. Ёдовар мешавам, ҳамсари якуми Парвиз Давлятов Азиза Давлятова рӯзи 25 август аз ғояти рашк ҳамсари дуюми шавҳараш Мадина Мамадҷоноваро чунон буғӣ кард, ки ӯ баъди қариб 4 моҳ ягон бор ба ҳуш наомада, дар бемористон вафот кард. Додситонӣ гуфт, Давлятов ҳангоми ба ҳайси сардори Раёсати минтақавии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии ДСП “ТТ-Мобайл” кор карданаш соли 2020 бо шаҳрванд Мамадҷонова Мадина Амоновна соли таваллудаш 1989, ки ҳамчун зертобеъ дар ширкати “ТТ-Мобайл” кор мекард, шинос шуда, бо охирин муносибати наздик пайдо кардааст. Моҳи майи соли 2020 ҳамсари ӯ Давлятова А.Т. оид ба муносибати ӯ бо Мамадҷонова М.А. хабардор шуда, талаб кардааст, ки зинокориро катъ намуда, дар ҷамъият обрӯи оилаашонро нигоҳ дорад. Ӯ чунин эроди ҳамсараш Давлятова А.Т-ро шунида, номбурдаро дашномҳои қабеҳ дода, дар дохили манзили истиқоматии худ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 156, хонаи 51 лату кӯб карда, азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯхӣ расонидааст. Азбаски Давлятова А.Т. ҳамчун ҳамсар дар таъминоти моддии ӯ буд ва дар муносибати оилавӣ ба ӯ вобастагӣ дошт, ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибори ӯ тоб наоварда, бо истеъмоли шумораи зиёди дору даст ба сӯиқасди худкушӣ зада, аммо духтараш Давлятова Шоҳина ёрии аввалини тиббӣ расонида, худкушии Давлятова А.Т-ро пешгирӣ кардааст. Ниҳоят 25 августи соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, Давлятова А.Т. шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба 38-уми киллометри шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд бурда, лату кӯб ва буғӣ кардааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button