ТОҶИКИСТОН

Ду нафар захмиҳои таркиши «Оби шифобахш» даргузаштанд, вазъи 4 нафари дигар вахим аст

Ду нафар захмиҳои таркиши «Оби шифобахш» даргузаштанд, вазъи 4 нафари дигар вахим астДу тан аз захмиёни таркиши гази «пропан» дар «Оби шифобахш» — и шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расида, вазъи саломатии 4 нафари дигар вахим гуфта мешавад. Ду нафаре, ки даргузаштанд сокинони шаҳри Душанбе гуфта мешаванд.Толибҷон Ҳайдаров пизишки эҳёгари шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» хабари даргузашти ду нафарро таъйид кард ва аз фавтидагон Муродалӣ Зайниддинов Абдураҳмон Муҳаммадсоҳибови 27-сола ном бурд. Ба гуфтаи ин пизиш, ин ду нафар аз таркиш 90 дарсади баданашон сӯхта буд, ки рӯзи 7 январ дар беморхона даргузаштанд.«Рӯзи 3-юми январ 6 нафар бемор бо ҷароҳатҳои вазнини сӯхтор, соати 11-и шаб ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар натиҷаи таркиш, беш аз 90 дарсади бадани онҳо сӯхта буд. Барои наҷоти онҳо тамоми чораҳои зарурии тиббӣ андешида шуд. Вале мутаассифона ду нафари онҳо ки хеле ҷвон буданд, рӯзи 7 январ ба ҳалокат расиданд», — гуфт пизишки эҳёгар. Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки вазъи саломатии 4 нафари дигари онҳо низ вазнин буда, бадани онҳо низ беш аз 90 дарсад осеб дидааст.Синну соли ин осебдидаҳо 26, 35, 32 ва 46-сола ва ҳамаи онҳо мард гуфта мешавад.- Табибон барои наҷоти ҷони онҳо тамоми корҳоро карда истодаанд, то онҳоро аз доми марг наҷот диҳанд. Ҳарчанд ҷароҳати гирифтаи беморон вахим аст, аммо умед аст то онҳо шифо ёбанд, — гуфт Толибҷон Ҳайдаров. Ҳодисаи таркиши гази «пропан» рӯзи 3-юми январ дар Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и шаҳри Ваҳдат аз газе, дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст, ба амал омада буд, кит дар натиҷаи он 6 нафар ҷароҳат бардоштааанд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз таркиши ногаҳонӣ дар деҳаи Чилламазори ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат хабар дода гуфта буд, ки чанд ҷойи бадани онҳо сӯхтааст. Аммо маълум нест, ки ин шаш нафар беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим. Табибони шуъбаи наҷоти сӯхтор низ гуфтанд, ки барои онҳо низ маълум нест, ки ҷароҳатбардоштагон аз шумули беморон буданд ё не. Гуфта мешавад, ки мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ гардида, муайян кардаанд, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Ҳамчунин ин мутахассисон иллати таркишро комилан таҳқиқ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button