Нуқтаи назар

Боздошти қирғизе, ки дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат кард: ӯ гуфт тоҷикон ҳам буданд — видео

Яке аз боздоштшудаҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон мебошад, изҳор дошт, ки бар ивази пул дар ошӯбҳои Қазоқистон иштирок кард. Ӯ аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ гуфт

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон мумкин дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат доштанд. Дар ин бора як боздоштшуда, ки шаҳрванҳди Қирғизистон аст, хабар дод.Навори бозпурсии ӯ дар шабакаи давлатии телевизиони Қазоқистон нашр шуд. Ба гуфтаи боздоштшуда, рӯзи 1 январ афроди ношинос ба ӯ занг зада, барои ширкат дар гирдиҳамоӣ бо маблағи 200 доллар пешниҳод кардаанд. Ӯ розӣ шуд, зеро дар Қирғизистон бекор буд.»Онҳо ба ман чипта хариданд, рӯзи 2 январ ба Алмаато парвоз кардам, маро ба манзиле бурданд, ки дар онҷо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам буданд. Ман нафаҳмидам, ки онҳо дар бораи чӣ гап мезананд», — гуфт мард.Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ тарсид ва тасмим гирифт, ки ба манзилаш баргардад. Пас аз ин ҳамлагар мехост ба хона баргардад, аммо ӯро маъмурони интизомӣ боздошт кардаанд.https://t.me/sputniklive/28979?embed=1Дар манзил ба ҷуз қирғизҳо тақрибан 10 нафари дигар ҳам ҳузур доштанд.Нерӯҳои амниятӣ аз боздоштшудаҳо машрубот, силоҳ, таппонча, пулемёт ва коктейлҳои Молотов мусодира карданд. Дар навор инчунин шиносномаҳои кишварҳои хориҷӣ дида мешавад.Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.

https://youtu.be/Abc1kjrOJ-U

Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button