ТОҶИКИСТОН

ЗАНОЗАНИИ БАЧАҲОИ БОЛО ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНАИ OK&BAR ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ

Дар шаби Соли нав як гуруҳи фарзандони мансабдорони болонишин дар назди тарабхонаи ОК&Bar дар маркази шаҳри Душанбе занозанӣ кардаанд. Дар видеое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” расид, дида мешавад, ки чӣ гуна чанд нафар ба сурати гуруҳӣ як нафарро латтукӯб мекунанд.Манбаи “Бомдоди” хабар дод, ки Қаландаров Руслан, Убайдуллоев Сиёвуш, Зокиров Азиз, Каримов Исмоил ба сурати гуруҳӣ ҷавони дигареро бо номи Сулаймон ҳамакаса зада, биниашро шикастанд. Ӯ афзуд, ки мақомот онҳоро то шуъба бурданд, вале зуд ҷавоб доданд.Ба гуфтаи манбаи “Бомдоди”, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз бурдани номаш худдорӣ кард, ин ҷавононе, ки дар назди тарабхонаи ОК&Bar занозанӣ карданд, дар ҳамаҷо худро дӯстони Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда, даст ба “беспредел” мезананд. “Рақамҳои мошинҳои ҳамааш якхел аст: 10 20, кормандони ГАИро ноҳурматӣ мекунанд, манъ намекунанд, оинаҳои пеши мошинҳояшонро “наповал” плёнкаи сиёҳ часпонда, тонировка кардаанд, бо “мигалка” мегарданд дар маркази Душанбе, ягон кас ба тарафашон безеб нигоҳ кунад, ҳамакаса мезананд. Дар шуъбаҳои милитсия касе чизеашон гуфта наметавонад”, — нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.Мақомот расман дар бораи занозанӣ дар назди тарабхонаи ОК&Bar то кунун иттилое нашр накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button