ТОҶИКИСТОН

МАРГИ ПУРАСРОРИ ҶАВОНИ МӮЪМИНОБОДӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Шахсияти ҷасаде, ки Толибон дар ҳудуди ноҳияи Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи деҳаи Анҷироби ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, маълум шудааст. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро Толибон ба марзбонони тоҷик супурданд ва маълум шуд, ки нафари зоҳиран ғарқшуда Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 18-солаи ноҳияи Муъминобод аст. “Шиносномае, ки бо номи “Кароматулло Қурбонов” аз ӯ пайдо шуд, ба бародари 29-солааш тааллуқ дорад,” — шаҳр додааст ин манбаъ.Бино ба иттилои хабарнигори Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ, бародарон Муҳаммадҷон ва Кароматулло, Қурбоновҳо охири моҳи октябри соли 2021 аз Русия баргашта, рӯзи 21-уми декабр ба наздикони худ гуфтаанд, ки ба шаҳри Кӯлоб мераванд, аммо ба ҷои Кӯлоб ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, сафар кардаанд. Ҳанӯз аз Кароматулло Қурбонов, бародари Муҳаммадҷон хабаре нест. Наздикони ду ҷавон қазияро шарҳ надоданд. Вале манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфтааст, фарзияи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав дар он сӯи марз низ таҳқиқ мешавад.“Бародари калонии ин ду ҷавон бо гумони шомил будан ба созмонҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешавад. Ягон сабаби мантиқии сафари онҳо ба Дарвоз пайдо нашуд. Онҳо дар онҷо на хешу табор, на дӯст ва на коре доранд. Аз ин рӯ, фарзияи талоши убури марз барои пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав тафтиш мешавад,” — гуфтааст як манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button