Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Се шарики мунтақиди Путинро ба бозпурсӣ бурданд

Пулиси Русия дар пасманзари идомаи фишор алайҳи шарикони раҳбари зиндонии мухолифин, Алексей Навалний, се ҳамоҳангсози собиқи тими пешазинтихоботии ӯро ба бозпурсӣ бурдааст.

Инҳо Захар Сарапулов, Ксения Фадеева ва Андрей Городетский мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳар се бо иттиҳоми эҳтимолии истифода аз мақоми хидматӣ ва иштирок дар гурӯҳи ифротгаро рӯбарӯ ҳастанд.

Бунёди мубориза бо фасод ё коррупсияи Алексей Навалний ва ҷунбиши сиёсии ӯ дар моҳи июни имсол аз тарафи мақомоти Русия созмонҳои ифротӣ эълон шудаанд.

Худи Навалний аз моҳи феврал боз дар зиндон аст. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд.

Навалний дар Олмон аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт. Вай дар ин кор раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путинро гунаҳкор медонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button