Сиёсат

АЗИЗА ДАВЛАТОВА БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ВА МАРГИ МАДИНА БА 11 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз (Лутфулло) Давлатовро ба 11 соли зиндон маҳкум карда, бар асоси қонуни афв билофосила як солро аз ҳукми ӯ кам кардааст. Азиза Давлатова ба шиканҷа ва азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Муҳаммадҷонова айбдор мешуд. Додгоҳи олӣ қаблан Парвиз Давлатовро низ дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо ба 5 солу 4 моҳи зиндон маҳкум карда буд.Як манбаъ, ки дар мурофиаи Азиза Давлатова ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи 28-уми декабр дар СИЗО-и Душанбе содир шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Азиза Давлатова аз додгоҳ 11 соли зиндон талаб кард.»Додгоҳ ҳам Азиза Давлатоваро бо сӯиқасд ба одамкушӣ айбдор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли 2021, як сол аз ҳукми Азиза Давлатоваро кам карданд. Ӯ акнун даҳ соли паси панҷара мемонад», — гуфтааст манбаи Озодӣ. Мурофиаи Азиза Давлатова ва ҳам шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов паси дарҳои баста баргузор шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button