ТОҶИКИСТОН

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПОЙТАХТ:АВВАЛ БА ДЕВОРЧА БАРХӮРД, БАЪД ПИЁДАГАРДРО ЗАД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2021, тахминан соати 15:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қодиров Самандар Тоҳирович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба деворчаи канори чапи роҳ бархӯрда, баъдан пиёдагард Усмонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагард Усмонов С.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, худи ронанда Қодиров С.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Қаблан гузориш шуда буд, ки танҳо дар ду рӯзи 25 ва 26 декабр дар 6 садама дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button