ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо Аҳмад Асадзода, муовини вазири нафти Эрон баргузор гардид.Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button