Варзиш

ДАЪВО НАДОРАМ… СУҲБАТ БО МОДАРИ ДУХТАРЕ, КИ ДАР САРАШ ЧАНД ТУХМРО ШИКАСТА, МАЙОНЕЗУ КЕТЧУП РЕХТАНД (ВИДЕО)

Видеои дар сари як духтар чанд тухмро шикастану ба сару мӯяш рехтани майонезу кетчуп дар ҷомиа сару садои зиёде ба по кард. Тавре таҳқиқи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” маълум кард, ин ҳодиса рӯзи 20 декабр дар мактаби №55 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯй дода, иштирокчиёнаш хонандагони синфи 11, хатмкунандагони имсола будаанд. Аммо модари духтаре, ки нисбат ба ӯ чунин рафтор шуд, мегӯяд, ягон даъво надорад. Ин зан, ки ба шарти набурдани номи ӯву духтараш бо “Бомдоди” суҳбат кард, гуфт, “он рӯз зодрӯзи духтари ман буд ва ҳамсинфонаш ҳамин хел анъана доштаанд, ки дар зодрӯзҳои якдигар ҳамин хел шӯхӣ мекардаанд. Вале вақте ин кор дар зодрӯзи духтари ман шуд, касе видеояшро дар Интернет партофтааст.”Аз ин модар пурсидем, ки видеое, ки нашр шуд, чандон ба шӯхӣ монанд нест ва духтари ӯ ҳам, ки он бачаҳои бо вай чунин муносибат кардаро “сволочи” ва “ҳаромҳо” мегуфт, ба назар намерасид, ки шӯхӣ мекунад. Аммо модари духтар дигарбора гуфт, ки “бачаҳо бо вай шӯхӣ кардаанд ва духтари ман ҳам бо шӯхӣ онҳоро “сволочи” гуфтааст. Шукр, духтарам сиҳату саломат дар пешам аст ва ман нисбат ба ягон кас ягон даъво надорам.” Ёдовар мешавем, Ҳодиса ТВ, канале, ки бо нашри видеоҳои пурсарусадо ном баровардааст, рӯзи 22 декабр видеоеро нашр кард, ки чигуна чанд писар як духтари ҳамсинфи худро дар як кунҷи синфхона танг карда, аввал дар сараш чанд тухмро зада мешикананд ва сипас ба сару мӯяш майонезу кетчуп мерезанд. Ҳамсинфони дигар, аз ҷумла духтарон, ин лаҳзаҳоро бо шӯру шавқ ва ханда тамошо мекунанд ва бо телефонҳои худ ба навор мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button