ТОҶИКИСТОН

Дар Маскав гуфтанд, кай муҳоҷирон сохтмонҳоро тарк мекунанд

Дар пойтахт барномае тартиб дода мешавад, ки имкон медищад аз меҳнати хориҷиён дар сохтмонҳо даст кашида шавад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Барои аз меҳнати муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия раҳоӣ ёфтан, ҳосилнокии меҳнатро зиёд кардан лозим аст, мегӯяд сардори идораи бинокории Маскав, Рафиг Загрутдинов.Ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳр лоиҳаеро таҳия мекунанд, ки дар он тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки тибқи нақша ин лоиҳа дар семоҳаи аввали соли 2022 ба анҷом мерасад.»Барои кам кардани теъдоди муҳоҷирон ҳосилнокии меҳнатро зиёд кардан лозим аст. Барномаи нав ба баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, механиконидан аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва таъсиси марказҳои таълимӣ нигаронида шудааст», — афзудааст Загрутдинов.Ҳоло дар объектҳое, ки аз ҳисоби бюджети шаҳр сохта мешаванд, 65 ҳазор нафар кор мекунад ва бештари онҳоро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.Муовини раиси пойтахт, Андрей Бочкарев бори нахуст дар бораи даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон хабар дод.Зимнан, пешниҳоди ӯро шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин дастгирӣ намуд. Вай дастур дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар чаҳорчӯби барномаи бозсозӣ коҳиш ёбад ва ҳамчунин хостори ҷалби русҳо аз минтақаҳои дигари Русия шуд. Мири шаҳри Маскав тавсия дод, ки маоши кормандоне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд боло бурда шавад ва барои онҳо шароити хуб бояд фароҳам овард.

Мақомот борҳо роҳҳои ҳалли проблемаи нарасидани кадрҳоро дида баромадаанд. Ташаббуси маъмултарин пешниҳоди иваз кардани хориҷиён бо маҳбусон буд.Илова бар ин, дар Маскав ҷойи муҳоҷиронро бо нафақахӯрону донишҷӯёни макотиби тахассусӣ пур карданиянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button