МУҲОҶИРОН

Дар деҳоти Суғд гургҳои гурусна сагҳоро хӯрдаанд

Сокинони деҳоти Суғд мегӯянд, рӯзҳои охир ҳамлаи гургҳо ба молу чорвои хонагӣ бештар шудааст. Гургҳои гурусна ҳатто шуморе аз сагҳоро хӯрдаанд

ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Абдумаҷид Розиқов як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич гуфт, дар пайи барфрезии рӯзҳои охир ҳамлаи гургҳо ба молу ҳайвоноти хонагии сокинон бештар шудааст.»Гурҳои гурусна аз кӯҳҳо ба деҳа фаромада ба сагҳо дарафтодаанд. Дирӯз дар як маърака мардум кушта шудани сагҳои хонагии сокинон аз ашку чанголи гургҳоро номбар намуданд. Гургҳо шабонгоҳ сагҳоро хурда ба теппаҳо фирор кардаанд” – гуфт Розиқов.Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Шаҳристон ва Истаравшан низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳамлаи гурҳо бо рамаи гусфандон ва дигар ҳайвоноти хонагӣ таъкид намуданд.»Солҳои пеш ҳам дар вақти сард шудани ҳарорат, алалхусус дар мавсими чилла гурҳо аз кӯҳҳо ба водиҳо ба шикор мефаромаданд. Вале ҳоло ҳанӯз чиллаи зимистон фаро нарасида, хашми гургҳо зиёд шудааст. Гургҳо гурусна мондаанд”, — гуфт Умар Почоев, сокини ноҳияи Шаҳристон.Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охир дар бораи ҳамлаи гургҳо ба онҳо маълумоти бештар мерасад. Ӯ таъкид кард, ки барои қир намудани гургҳо ба шикорчиҳо дастур дода шудааст.

Дар бораи ҳамлаи гурҳо мардум ба мо бисёр муроҷиат кардаанд. Мо муроҷиати мардумро баррасӣ намуда, барои қир намудани гурҳо ба шикорчиҳо дастур додем. Ширкочиҳо омода ҳастанд ва ин, ки барф борад ба қир намудани гургҳо сар мекунанд. Қир намудани гург дар сафедии барф осонтар аст” — афзуд Мамҷонов.Раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Суғд гуфт, як ҳафта қабл дар пайи роҳандозии як амалиёт ду сар гург дар сарҳади миёни ноҳияи Деваштич ва Шаҳристон нобуд карда шуд.Дар ҳоле сокинони рустонишин аз ҳамлаи гурҳо хабар медиҳанд, ки дар ин авохир гашту гузори шағолу рӯбоҳ дар баъзе маҳаллаҳои Хуҷанд низ зиёд шудааст. Чанде қабл сокинони маҳаллаи Чашмаи Хуҷанд дар бораи кушта шудани даҳҳо сар мурғу мурғобӣ ва гурбаи хонагӣ аз ҳамлаи рӯбоҳу шағолҳо изҳор доштанд. Дар пайи вазъи баамаломада дар он замон масъулони идораҳои ҷангал ва шикор барои маҳви ин намуд ҳайвони ваҳшӣ шабона амалиёт пиёда карда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button