ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ миёни мақомоти дохилӣ ва мактабҳо дар кишвар таҳким бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, барои роҳандози равобит, кормандони милиса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону муҳассилин суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.Зикр шудааст, ки аз ҷумла мақомдорони ВУД, бо хонандагони литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар мулоқот намуданд.Полковник Юсуф Обидзода, сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ин мулоқот аз шароити фароҳамшуда барои таҳсили ҷавонону мактаббачагон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳар якеро зарур аст, ки барои азхуд кардани илму донишҳои муосир кушиш ба харҷ диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button