ТОҶИКИСТОН

15 рӯзи амалиёт дар доираи таҷрибаи нав аз ҷониби “Гуруҳҳои мобилӣ”: 885 қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ муайян гардид (Видео)!

Бо мақсади танзими бонизоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю роҳҳои ҳудуди пойтахт милитсияи шаҳри Душанбе мунтазам аз роҳу усулҳои нави корбарӣ истифода намуда, ҳамзамон таҷрибаи нави кориро роҳандозӣ менамояд. Дар ҳамин асос, аз руи таҷрибаи нави корӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 8 «Гурӯҳҳои мобилӣ»: ба ҳар 4 ноҳияҳои пойтахт 2 гуруҳӣ аз ҳисоби кормандони бозрасӣ, самтҳои оперативию тафтишотӣ, таҳқиқу ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва криминалистика таъсис дода шуда, нафари масъул аз ҳисоби сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсат вобаста карда шуданд.

  Гурӯҳҳои мобилӣ», ки дар доираи таҷрибаи нав роҳандозӣ карда шуд, дар ду баст баҳри ошкору муайян ва бартараф намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ, аз қабили:
-бе иҷозатнома идора намудани автомашина бо шишаҳои сиёҳу хира ва пурра руйпуш намудани оинаи пеши автомашина ба истилоҳи ҷавнон-наповал;
– таваққуф намудан дар қатори дуюму сеюми роҳ ва бемаврид гузоштани автомашинаҳои шахсӣ дар дохили истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва ошкорнамоии дигар қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шудаанд.
  Аз рӯи таҷрибаи нави корӣ давоми 15 рӯзи баргузории чорабинии мақсаднок аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ»-и милитсияи пойтахт дар умум 885 қоидавайронкуниҳои дащали ҳаракати роҳ ошкору муайян ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд.
Аз ҷумла:
63- ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва таври щайриқонунӣ яклухт рӯйпуш намудани оинаи пеши автомашина, наповал;
649- ҳолати таваққуфи нодуруст дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашон ва қатори дуюму сеюми роҳи мошингард;
15- ҳолати бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақамҳои бегона идора намудан;
19 ҳолати итоат накрадан ба талаботи чарощаги роҳнамо ва ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ;
139- адад дигар қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ронадагони қоидавайронкун ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд.
  Қобили зикр аст, ки бо тартиби нав, нахуст аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ», ки ба таври махфӣ ва щайриошкоро фаъолият мебаранд, ҳолати қоидавайронкунӣ расму ба навор гирифта шуда, сипас дар ҷои қоидвайронкунӣ нисбати ронанда тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол бо замимаи расми ронанда тартиб дода мешавад.
  Натиҷаи ҳаррӯзаи амалиёти «Гуруҳҳои мобилӣ» аз ҷониби Ситоди махсус ҷамъбаст карда шуда, бо дарҷи ному насаби ронанда, намуди қоидавайронкунӣ, тамщаи автомашина ва расми ронанда дар сомонаи расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад.
  Чуноне натиҷаи баргузории амалиёти «Гуруҳҳои мобилӣ» нишон дод, дар аксар маврид маҳз соҳибмулкони автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ ба Қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, махсусан, бе Иҷозатномаи сиёҳшиша идора намудани воситаи нақлиёт ва щайриқонунӣ яклухт сиёҳ намудани қисмати оинаи пеши автомашина «наповал» даст зада, бо ин роҳ ба қавле бартарии худро нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ нишон доданӣ мешаванд, ки маҳз чунин афрод аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ»-и милитсияи шаҳри Душанбе мавриди санҷишу чораҷуии ҳамаҷониба қарор дода шудаанд.
  Дар натиҷа ҳамаи он 63 автомашинаҳое, ки барои бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва яклухт бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани қисмати оинаи пеши автомашина ошкор карда шуданд, ба майдончаҳои ҷаримавии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, ҳолати қоидавайронкунӣ пурра бартараф ва ронандагони ҳар кадом автомашинаҳо бо маблащи 7 500 сомонӣ, дар умум ба маблащи 472 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.
  Яклухт руйпуш намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт, ки имрузҳо дар байни гуруҳи ҷавонон ба тавре «муд» шудааст, амали қатъиян щайриқонунӣ буда, дидашавандагии ронандаро, махсусан дар вақти шабона ва рузҳои боронӣ маҳдуд намуда, ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдидҳо эҷод менамояд. Ҳамзамон дар рафти амалиёт садҳо ҳолати дигар намуд қоидавайронкуниҳои дащал, ба монанди таваққуф дар дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ва қатори дуюми ҳаракати роҳ, идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе рақами қайди давлатӣ, насби таҷҳизоти махсуси овозӣ ошкор карда шуданд.
  Илова бар ин дар давраи амалиёт аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ» як ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мадҳушӣ дар намуди истеъмоли таблеткаи экстазӣ аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ Ровер», рақами қайди давлатиаш 4593 SS 01, Убайдуллоев Ҷаҳонгир Алихонович ошкору нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Вобаста ба ин, бори дигар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, хизматии корхонаву муаасисаҳо ва ҷамъиятҳои мусофиркашон (таксӣ) эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бо амалу рафтори нописандонаи худ боиси костагии ҳусни пойтахт ва ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии роҳҳои автомобилгарди пойтахт нагарданд.
  Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ барои ҳама, сарфи назар аз вазифаву ниҳод ҳатмӣ буда, дар сурати вайроннамоӣ ҷавобгарӣ интизор аст!!!

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button